Шабравсни зиндагӣ роҳи сафсд

Заминат осмон шуд, ишқ омад.
Раҳат чун Каҳкашон шуд, ишқ омад.
Ту бо пирӣ агар тан дода будӣ,
Дили пират ҷавон шуд, ишқ омад.
Набудат аз баҳори нав умеде,
Хазонат гулфишон шуд, ишқ омад.
Лаби хушкат лаби дарё бибӯсид,
Ғамат баҳри дамон шуд, ишқ омад.
Дигар фикри сару сомон чӣ дорӣ,
Сарат бехонумон шуд, ишқ омад!
1975
♦ ♦ ♦
Дарёдиливу соҳили дарё ғанимат аст,
Ҳам обшори шавқу таманно ғанимат аст.
Варзобро чӣ варчише, ғар ишқварзӣ нест,
Дар пои кӯҳ қомати боло ғанимат аст.
Сарро ба санғ мезанад амвоҷи гушнамаст,
Сар рӯи сақфи синаи зебо < анимат аст. Ин обро бубин. камари кӯҳ меканад, Гар то камар расидаӣ, ҳаққо ғанимат аст... Маҳгоб рӯи мавҷҳо зарҳал давонду рафт, Ин шабравию хилвати шабхо ғанимат аст. Эй ҳеҷ кас, ки дар ғами мансаб нахуфтаӣ, Бемансабии ошиқи шайдо ғанимат аст. Онҳо ки гашнаанд, бари об мераванд, Дилташнагон ба соҳили Варзоб мераванд. Як зумра аз барои таносоиву тараб, Як зумра аз барои табутоб мераванд. Чанде барои ҷустани гумкардаҳои хеш, Чанде барои нашъаи ноёб мераванд. Бархе ба ёди манзари шабҳои моҳтоб, Бархе ба ёди чеҳраи маҳтоб мераванд. Баъзе ба хоб мераванд андар канори рӯд, Баъзе канори дилбари бехоб мераванд. Лабташнагон ба қатраи обе хушанд, лек Дилташнагони ишқ ба Варзоб мераванд... Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид, Соя ҳам аз пуштаҳо доман кашид. Офтоб аз кӯчаи куҳҳо гузашт, Аз фарози сатганат поин хамид. Моҳи нав хамёза кард аз бурҷи кӯҳ, Рӯди кӯҳӣ як қадар боло дамид. Куллаи куҳҳо б^дарё сарна^ун, Нолаи дарё ба гардунҳо расид Ахгарс бо ахтаре наздик шуд, Дидаи ху дбин чу нин манзар надид. Каҳкашон раҳро мунаввар карду гуфт Шабравсни зиндагӣ, роҳи сафсд’ 1978

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед