Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ

Агар сад сол ҳам ҷӯй, маро дигар намеёбӣ,
Шабу рӯзон худо гӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
Ба роҳи ман чу пойандози махмал ҳар саҳаргоҳе
Ба сони сабза ҳам рӯӣ. маро дигар намеёбӣ.
Ман он якроҳу якрӯ будаму бо роҳи худ рафтам,
Ту ки садроҳу садрӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
Сабукроӣ, сабукпоӣ, муҳаббатро намешой.
На ҳам аҳли такопӯӣ, маро дигар намеёбӣ.
Саропо чашм ҳам бошй, маро дигар намебинй,
Агар сеҳриву чодуӣ, маро дигар намеёбй.
Ҳама доғе, ки дар оинаи дил дорам аз ишқат.
Агар бо ашк ҳам шӯй, маро дигар намеёбй
Ба худ ҷӯшида мехушкам мисоли чашмаи куҳсор,
Агар дарёи Омуӣ, маро дигар намеёбй.
Биҳиштизода ҳам бошӣ, биҳиштатро биҳиштам ман,
Агар аз чархи минуӣ, маро дигар намеёбӣ.
1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед