ШАҲИДИ ОРЗУҲО
Шаҳиди сӯзу сози орзуҳо, —
Калиди рози дилҳо — шоир Иқбол,
Биё, дар кишвари дил сайр бинмой,
Туӣ бар мурғи илҳомам пару бол!
“Кӣ ҳастӣ?”, гар бипурсиям, бигӯям,
Сухангӯям яке аз Тоҷикистон,
Диёрам чун диёри ту қадимист,
Баҳорам чун баҳори ту гулафшон.
Макони дилкушоям Боми дунёст,
Зи рӯи он ҷаҳонро метавон дид.
Биё, бингар, зи саҳни хонаи ман
Рухи Ҳиндустонро метавон дид.
Нигар, устод, Ҳиндустони озод
Ба рӯи ту дилашро боз кардаст,
Ба истиқболат эй пири сухангӯй,
Ҷавону пирро гулбоз кардаст!
Ту он ҳастӣ, ки бо ҳар нуктаи нав,
Гиреҳ аз риштаи маънӣ кушодӣ,
Ба уммеде, ки иксире занад ишқ
Миси бечорагонро тоб додӣ.
Шарики дарду сӯзи халқ будӣ,
Тилисми зиндагиро во намудӣ,
Ба халқи хеш гуфти нуктаи нав
Суруди тоза дар васфаш сурудӣ.
Ту ҳар маънӣ, ки гуфтӣ, халқ пай бурд,
Зи шохи нахли ту хурмои тар хӯрд,
Туро танҳо ғазалхоне напиндошт,
Шарики дардҳои хеш бишмурд.
Ба баҳри дард чун мавҷе тапид ӯ,
Тапиду то ба тӯфоне расид ӯ,
Шикаст овард киштии ситамро
Таноби душманонашро бурид ӯ.
Шаби ҳиндӣ — ғуломонат саҳар шуд,
Ба ин хок офтоберо гузар шуд,
Ливои ифтихори миллат аз нав
Чу хуршеди саодат ҷилвагар шуд!
Макони ту дигар он кишваре нест,
Ки деҳқон дон барои дигарон кишт,
Хате зад сарнавишти хештанро
Зи нав онро ба табъи хеш бинвишт.
Биё, устод, жигар нестӣ ту
Ғарибе дар миёни маҳфили хеш,
Гузашт он лаҳза ки ҳатто нагуфтӣ
Нуҳуфта рози худро бо дили хеш.
Биёву бубин, ки Ҳиндостони озод
Ба рӯи ту дилашро боз кардаст,
БА истиқболат эй хуршеди миллат
Самои тозаеро соз кардаст!
Ҷаҳоне, ки дар он ҳар нуктаи ту
Чароғи маҳфили пиру ҷавон аст,
Забони ғунчаҳои безабоне,
Ба мурғони чаман ҳамдостон аст…
Шаҳиди сӯзу сози орзуҳо,
Калиди рози дилҳо — шоир Иқбол,
Биё, дар кишвари дил сайр бинмой,
Туӣ бар мурғи илҳомам пару бол.