ШАҲРИ МЕҲОЛУД
Ту гӯйӣ бар сари бому дару кӯча
Дар ин дам садҳазорон даст дӯшад гови гардунро,
Ки дар як он
шавад шаҳрак ба сони хумраи шире,
Ки нашносӣ дигар аз ҳам ту дашту кӯҳу ҳомунро.
Ба шаҳрак мефурояд меҳ …
Саҳаргоҳи хазон аст,
Валекин чашми мошинҳо фурӯзон аст.
Агарчи чашми мошин роҳ ёбад дар шаби торик,
Вале бар синаи шаффофи меҳ роҳе наёбад ҳеч,
Ки ҳатто буқи мошинҳо хурад андар гулӯшон печ.
Ба шаҳрак мефурояд меҳ…
Раҳу бероҳаҳо аз чашм пинҳон аст,
Дару девор,
Кӯҳу ҷар,
Баланду паст.
Наояд дар назар сангу дарахту ҳотаву ҷӯбор
Ва гӯё ҳар тараф роҳ аст.
Куҷо роҳ аст,
оҳиста, ки зери пойи ту на роҳ,
бал чоҳ аст.
Ба шаҳрак мефурояд меҳ…
Яке аз раҳ ба ҷӯ рафта,
Дигар дар байни раҳ ҳайрону ошуфта,
Севум кӯбида бар девор пешонӣ,
Чаҳорумро равон хун аст аст аз бинӣ.
Чӣ рӯзи бесару сомону ноҳамвор,
Ҳама омехта бо ҳамдигар бефарқ,
Ки ҳатто фоҳиша рафтаст дар оғуши тақводор
Ва дуздафшор бепарво раиси собиқи ҷумҳурро доман
Гирифта талх механдад: Чӣ турӣ, ошнои ман?!
Ба шаҳрак мефурояд меҳ…
Агар бо нур дар зулмат тавон раҳ ёфт,
Чӣ сон дар пардаи ғафси сафедиҳо тавон раҳ бурд,
Ки дар шаффофии ин субҳи меҳолуд,
Агар як зарра нуре буд, он ҳам мурд.
Вале кӯре ба имдоди асои раҳнамои хеш
Зи шаҳри ғарқи меҳ по пеш мемонад
Ва мегӯяд ба худ ҳайрону дар ташвиш:
— Худоё, ин чӣ ҳол,
Имрӯз бо мардум
чӣ коре шуд?
Кӣ медонад?!
Ба шаҳрак мефурояд меҳ…
Ба шаҳрак мефурояд меҳ…