Шароби талх мехоҳам

Шароби талх мехоҳам, ки мардафган бувад зӯраш,

Ки то як дам биёсоям зи дунёву шару шӯраш.

Симоти даҳри дунпарвар надорад шаҳди осоиш,

Мазоки ҳирсу оз, эй дил бишӯй аз талху аз шӯраш.

Биёвар май, натвон шуд зи макри Осмон эмин

Зи лаъби Зӯҳраи чангину Миррихи силаҳшӯраш.

Каманди сайди Баҳромӣ бияфган, ҷоми  Ҷам бардор,

Ки ман паймудам ин саҳро на Баром асту на гӯраш.

Биё  то дар майи софит рози  даҳр бинмоям,

Ба шарти он, ки нанмоӣ ба каҷтабъони дилкӯраш.

Назар кардан ба дарвешон, мунофиъи бузургӣ нест,

Сулаймон бо чунон ҳашмат назарҳо буд  бо мӯраш.

Камони абрӯи ҷонон намепечад сар аз Ҳофиз,

Валекин ханда меояд бад-ин бозуи безӯраш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед