Шаршараи мӯй

Шаршараи мӯй
Овози ту овезон,
Чун шарашара дар гӯшам.
Аз шаршараи мӯят
Менушаму менӯшам.
Чун шиша диле дорам,
Дар шишаи дил рӯят .
Чун буи гулоб ояд
Аз шишаи дил бӯят.
Дар шаршараи мӯят
Ҳар қатра бувад нӯшам.
Аз шаршараи мӯят
Менӯшаму менӯшам.
Аз моҳии чашмонат
Беҳгар набувад моҳӣ.
Дар шаршараи мӯят
Ман моҳии гулмоҳӣ.
Аз чашмаи чашмонат
Ман чашм намепӯшам.
Аз шаршараи мӯят
Менӯшаму менӯшам.

Баҳори 1998, Seattle

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед