ШАШМАҚОМ

Гар навояш аз биҳишт аст ин навои Шашмақом
Гар каломаш бахшад одоб ин каломи Шашмақом
Бахшида зеб бар навои мутрибонаш Шашмақом
Зебу зинат аз биҳишт аст  дар рубоби Шашмақом
Сад тарона сад ғазал бахшам ба номи Шашмақом
Дораму аз худ ғазалҳо шаҳсутунаш Шашмақом
Сад гули боғ бар умед оварда ҳадя  Шашмақом
Боғи умед рақси ҷонон бар садои Шашмақом
Савти оҳангаш паёми навбаҳори Шашмақом
Омаду бар рақс гул дар бар гирифту Шашмақом
Гул зи рақс шайдо шуду бехуд карди Шашмақом
Не дигар гул будану савдои ҷонон Шашмақом
Дар ҳарам омад ба дод гул аз навои Шашмақом
Печи печон мори рақсон гул бишуд аз Шашмақом
Пас биҷӯй Масъӯд ту розҳо аз барои Шашмақом
То бимонад ним зи ту бар мухлисони Шашмақом

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед