ШЕЪРИ ВАТАН
Ба ёди Мирзо Турсунзода
Рӯзи ман сар мешавад ҳар рӯз бо шеъри Ватан,
Шод бодо рӯҳи ту, то нек бошад рӯзи ман.
Мекунад шеъри дилошӯбат маро аз худ бадар,
То ба даҳрам мекунад сад решапайванди дигар.
Як-ду тан дар шеър аз шеъри ту пайғом оваранд,
Як-ду тан дар шеъри ҳассон баъди ту номоваранд.
Дона ҳар солее бирӯяд дар талу дар ёлаҳо,
Шоире аммо нарӯяд тӯли чандинсолаҳо.
Шлд мебош, эй Ҳисори шодмон, дар рӯзгор
Ба ғазалҳои равону чашмаҳои кӯҳсор.
Накҳати ашъори Турсунзода дорад шеъри мо,
Сарзамини Тоҷикистон мекунад бӯйи Ҳисор.
Сабз монӣ дар дили деҳ, эй дарахти тозарӯ,
Эй чинор, эй ошёни мурғакони шеъри ӯ.
Гар надорад шоире шаҳболи парвози сухан,
Ошён чун мениҳад ӯ бар баландои Ватан.
Зинда бошӣ, эй Ҳасан, эй ҷӯраи дерини ман,
Бо ароба бигзарӣ гоҳе ту аз мошини ман.
Нестам аз ҳамраҳон гарчи ақибафтодае,
Ё наям аз давру даврон бехабар, ё содае,
Аспи зебои туро бисёр мехоҳад дилам,
Ҳар замоне дар хаёлам коҳад он, коҳад дилам.
Шод бодо рӯҳи ту, эй шоири шеъри замон,
Гарчӣ н-ояд доимо бе сакта шеъри шоирон,
Сақтаҳои ту вале на дар сухан, дар дил буданд,
Эй басо ҳам сактаҳои беамон, қотил буданд.
Мекашид андӯҳу дарде он дили бечораат,
Ту фақат бо ин дили ғамхораат, садпораат,
Дил тавонистӣ диҳӣ бар дигарон,
Ба ҳама дарди гарон.
«Ҷони ширин,
Бе ту танҳоӣ кашидам, дарди ман боло гирифт»,
Ман бихонам қиссаи дарди ту, монам дар шигифт.
Қиссаат бо ғуссаи олам биомезад ба ҳам,
Лашкари неку баде дар он биовезад ба ҳам.
Ҷони ширин, дури ту захми носури ман аст,
Боз дар дил ғуссаи ёрони раҳдури ман аст.
Дар ҷаҳони бевафое ман вафо кардам ба ту,
Умри ман гар бевафоӣ кард, маъзури ман аст.
Баъди ман, фарзандҳову ворисони шеъри ман,
Хоҳам аз Яздонат умри дарозу пурсамар.
Рафтанам боз омадан дорад ба умри ҷовидон,
Ҳар яке бошед баъди ман ба ҷои ман падар.