Шеър
1. Ишора ба шеъри машхури Ҳазрати Иқбол «Аз хоби гарон хез!», ба
вижа байти зерин:
Аз Ҳинду Самарқанду Ироку Ҳамадон хез,
Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез’
♦ * ♦
Кони дардем, чу аз каф шуда кони зарамон,
Хуни сардем, чу хомӯш шуда озарамон.
3-он раҳогар. ки бузург аст, вале хам гург аст,
Хурда гаштему нахурдем гами додарамон.
Пайкара сохта баҳри басе «озодгарон»,
Паӣ набурдем зи пайкори дилу пайкарамон
Сари мо косаи холист аз он рӯ, ки ба сидқ
Сар накардем фидои нафаси хамсарамон.
бебару бор аз онем, ки аз беҳунари
Ҳар нафас хамбарамон хок шавад дар барамон.
Ҳеҷ пайгоми илохӣ нарасад бар ману ту,
Чунки бас дур фитодем зи пайғамбарамон…
Алами шухрати мо гар ба фалак сар сояд,
Қарздорем зи оху алами модарамон.
Мо ки будсм зи дарвозакушоёни сухан,
Аз чй рӯ даст надорем ба хоки дарамон?!
Боз як нукта бигӯям, ба ман, эй хапқ, машӯр,
Ки чаро омада ин хукми қазо бар сарамон
Беҳтарин луқмаи халқони дигар нуқлу кабоб,
Беҳтарин луқмаи мо хурдани хамдигарамон?
1990