Шеър Навруз

Пирони ҷаҳондида,
Сад фасли хазон дида,
Умре зи нишон дида,
Тире зи камон дида.

«Навруз муборак бод!»
«Наврӯз муборак бод!»

Нӯрони ҳарду дида,
Бо ақли худ фаҳмида.
Ба гуши худ шунида,
Сухан ба ту расида.

«Навруз муборак бод!»
«Навруз муборак бод!»

Боз вақти баҳорон шуд,
Гулғунча фаровон шуд
Гулҳо ҳама хандон шуд.
Вақти кори деҳқон шуд.

«Наврӯз муборак бод!»
«Навруз муборак бод!»

Боз моҳи Ҳамал омад,
Ҳам вақти амал омад.
Ору ба асал омад,
Дилдор ба масал омад.

«Навруз муборак бод!»
«Навруз муборак бод»



Шарҳи худро нависед