Шердилони

Шердилони куҳ кан мо зодаи Ворӯ биҳишт
Мо ҳама як даста шерем зодаи Ворӯ биҳишт
Сарбаланд дар рӯйи олам даст боло мекунем
Мо ҳама фарзанди оқил зодаи Ворӯ биҳишт
Дар канори дараҳойем бо шиори худ равон
Фатҳ кун сад дараро мо зодаи Ворӯ биҳишт
Хаста нестем дар канори оби дарё меравем
Мо мисили мавҷи дарё зодаи Ворӯ биҳишт
Он ки тираш самти мо ояд хатокори кунад
Зери хокаш мекунем мо зодаи Ворӯ биҳишт
Арчамайдон Сармаду Роват биҳишти оламанд
Дар канори ин биҳишт мо зодаи Ворӯ биҳишт
Сар ба афлок мекашем мо дар мисоли бурсҳо
Умри бурс қуват ба дилҳо зодаи Ворӯ биҳишт
Масъӯд фарзанди номбардори фардои ту аст
Мо фидойи номи покат зодаи Ворӯ биҳишт

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед