Шеъре, ки зи мағзи дилу ҷон мегӯям

Якпахдуяму худсараму бебокам,
Густохаму бериёяму шаккокам.
Чун тахти баланди кӯҳ бетахтам ман,
Бемансабу бениёз мисли хокам.
Аз об баромадӣ, танат ларзон аст,
Ҳар қатраи об дар танат марҷон аст.
Он пайкари туст, ё паи таъбире
Хобе, ки ба об гуфта бошам, он аст?
Он фасл чи фасли шӯру исёне буд,
Дил ҳамчу танӯри оташафшоне буд.
Ҷуз бӯсаи фасли шонздаҳсолагият
Дигар ҳама ҳар чӣ буд, нодонӣ буд.
То чанд фиғон кашидаву оҳ кунем?
Гоҳе гила аз пою гаҳ аз роҳ кунем?
Ин умр, ки худ ба таври худ кӯтоҳ аст,
Аз кӯтаҳие чарош кӯтоҳ кунем?
Шӯрида дилам майли сарафрозй кард,
Азме қаламам ба шеърпардозӣ кард.
Аммо чӣ қадар ки ман забон омухтам,
Он қадр забон бо сари ман бозӣ кард.
Ноҷӯрии оламе зи ноҷӯрии мост,
Ҳар роҳ ки дур бошад, аз дурии мост.
Ҳар ганҷ ки дар кӯҳ ниҳон аст ҳанӯз,
Аз кӯҳ маҷӯ айб, ки аз кӯрии мост.
Ёрон, ба сари мазори ман нола кунед,
Бар мотами рӯзгори ман нола кунед.
Ьар мотами рӯзгори ман нола чӣ суд?
Бар мурдани ёдгори ман нола кунед.
Ҳар кас паи нафси хештан кор кунад,
Боз ор басе гӯяду бозор кунад.
Дар даҳр касе наёфтам, к-аз раҳи ақл
Аз беҳунарии хеш иқрор кунад.
Моро зи барои бахти олам зоданд,
Бар захми замона мисли марҳам зоданд.
Аввал зи барои меҳнату ғам зоданд,
Охир зи барои айши як дам зоданд.
Ин модари даҳр оқилон кам зояд,
Ҳар лаҳза шумори нокасон афзояд.
Аз ҷумлаи Фирдавсӣ кам ояд ба ҷаҳон,
Аз ҷумлаи Маҳмуд ҳазорон ояд.
Ошиқ ҳама кас, валек Маҷнун яктост,
Олам ҳама санғзору зар кампайдост.
Чун оби тамоми баҳру қулзум шӯр аст,
Як чашмаи кӯҳсори мо беҳ з-онҳост.
Шеъре, ки зи мағзи дилу ҷон мегӯям,
Оё паи умри ҷовидон мегӯям?
Деҳқон на паи умри абад кишт кунад,
Ман ҳам сухане чу деҳқон мегӯям.
Афзун бувад аз савоби ман тақсирам,
Ҳам беш бувад хатоям аз тадбирам.
Ҳарчанд ки майли ман ҳама бар некист,
Дар байни гуноҳҳо назарногирам.
Озод набудаам зи озодии хеш,
Обод набудаам зи ободии хеш.
Бадбахтам аз он ки будаам якроҳа,
Хушбахтам аз он ки будаам ҳодии хеш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед