Шеърҳои Лоиқ Шералӣ
Як замон дар синаат баҳри дамон оварда будам,
Дар дилат як шуълае аз ҷовидон оварда будам.
Мепаридам дар ҳавои ишқи ту то осмонҳо,
Дар заминат ахтаре аз осмон оварда будам.
Дар баҳоре, ки ниҳоли қоматат гул карда буд, ман
Дар қадамҳоят баҳори гулфишон оварда будам.
Ошиқонат аз гули бехор ҳам бисёр буданд,
Он ҳама гулдаста, ман сад даста ҷон оварда будам.
Аз тамоми сарвати шаш қитъаи дунё бароят
Қитъаи озоди дилро армуғон оварда будам.
Ёди айёме, ки аз пирӣ намекардам хаёле,
Ман ҷавон будам, гунаҳҳои ҷавон оварда будам…
10.6.1979
Шарҳи худро нависед