Шеър дар васфи Фарзанд (Писар)

Писарам, нусхаи дилу ҷонам,
Орзӯям, умедам, армонам,
Побапо бурдамат ба роҳи ҳаёт,
То ки бошӣ асои дастонам.
Рӯи дастон калон накарда туро,
Ман калон карда рӯи чашмонам!
Ҳарчи дорам, барои ту дорам,
Ҳарчи монам, барои ту монам!
Нобаҷо он даме шудӣ бемор,
Ман дигар ҷои худ намедонам!
Чун ту ман низ сахт беморам,
Сиҳҳати туст асли дармонам!
Меравам ҳар гаҳе ба дидани ту,
Мерасад бар ситора афғонам!
Бешумар дида мубталоёнро,
Мебарояд зи дасту по ҷонам!
Низ ман нестам дигар солим,
Мубталое қатори ононам!
Дардашонро ҳамебарам дар дил,
Ҷуз ҳамин, эй дареғ, натвонам!
(Баҳри ҳар носалиму ҳар навмед
Ман насӯзам агар, чи инсонам?!)
Бе ту чун бозмеравам вопас,
Оҳ, танҳотарини кайҳонам!
Аз нигоҳи фариштаҳоят боз
Дидаи хеш мегурезонам,
Пешашон аз чи ҷои ту холист,
Ман ба онон чи сон бифаҳмонам?!
Кай шавад, боз бинамат бедард
Дар бари мағзаконат, эй донам?!
Чашм бар чашми ахтарон то субҳ
Бо фиғон ҳамсадои кайҳонам!
Мебароӣ ту то аз ин даргоҳ,
Мебарояд, яқин, зи тан ҷонам!
Ҳамагонро шифо бубахшояд, —
Ин бувад илтиҷо зи Яздонам,
Аз ҳама ганҷу неъмати дунё
Солимиро ба ҷумла хоҳонам,
Баски он аст асли ҳар ганҷат,
Баски он аст асли ҳар конам!
Ҳам туро хонаам биёрад боз,
Бинишонад ба гӯшаи хонам,
Дасти нармат ту бар сарам монӣ,
Сари сахтам ба пои ту монам!
Пои тобути ман ба дасти ту бод,
Эй ҷаҳонам, фаротар аз онам!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед