ЭЙ ШЕЪРИ МАН

Эй шеъри нонавиштаи ман, сарнавишти ман.
Бинҳуфтаи дар оташи поки сиришти ман.

Умре ба сар хаёли туро паваридаам,
Дар дил ғами висоли туро парваридаам.

Дар синаам ҳамешаву пайваста метапӣ,
Ҳамчу дили кабӯтараки баста метапӣ.

Охир раҳоят аз қафаси синаам кунам,
Бо ашк қисса ғуссаи деринаат кунам…

Эй шеъри ман, ту чун гули армони ман шукуф,
Ҳамчун кашидадӯзии домони ман шукуф!

Зебояму ту доғи дилам тоза кай кунӣ?
Зебоии хаёли ман овоза кай кунӣ

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед