Шери Модар

Модарам ин ранги зарду оҳи пурдардам надид
Сухтам ман аз ғаму у чашми гирёнам надид.
Гуфт ки нонёб шав то бурдаи нонат хурам,
Ман ки нонёб шудаму он бурдаи нонам надид.
Модарам гуфто ки ман туйи туро дида равам,
Ҷомаи домодиямро модари зорам надид.
Модарам гуфто ки ман гаҳвора ҷунбонат шавам,
Ман ки фарзанд ёфтаму у руйи фарзандам надид.
Ҷигарат хун шавад наёби модараит ғазалсаро,
Сад дареғо модарам ин шеъру оҳангам надид.



Шарҳи худро нависед