Шеъри Рамазон муборак
Рамазон моҳи хубу хоси Худост,
Рамазон соати махсуси саност.
Тавбаи моҳи шарифи Рамазон,
Дастгири ҳама дар рӯзи ҷазост.
Рамазон моҳи муборакқадам аст,
Рамазон лаҳзаи бахшишу атост.
Рамазон моҳи муборакрақам аст,
Рамазон қуллаи болои вафост.
Баҳра гирад ҳама кас аз Рамазон,
Рамазон сар ба сараш файзу сахост.
Шоҳроҳе, ки ба ҷаннат бубарад,
Рамазон садди раҳи хавфу балост.
Кинавар нест яқин мақбули Ёр,
Рамазон бар дили озода давост.
Тоат аз дил бинамо, ки дари Ҳақ,
Бегумон дар Рамазон бар ҳама вост.
Дасти афтода гирифтан ҳунар аст,
Сипари мардуми бахшанда дуост.
Рамазон мужда расонад зи наҷот,
Гарчи сайёра гирифтори вабост.
Мо надорем, Худо, тоқати дард,
Бахш моро, гунаҳ аз ҷониби мост.
Шарҳи худро нависед