ШЕЪРИ САФЕДИ МӮИ САФЕД
Мебинам мӯсафедони хастаро,
пирони бознишастаро,
аз тарбод,
аз қулинҷ,
аз сакта,
аз ғалабаи хун камарбаста
ва ё дилшикастаро;
ин кордидагон,
корзордидагон,
рӯзгордидагон,
ин қоматхамидагони сарафрозро,
вазифахурони бениёзро
дар кӯчаю хиёбонҳо
ва меандешам пеши худ,
ки инон –
як по ба лаби гӯр расидагон,
вале гӯркови душманон
на дар осиё,
на зери барфи зимистонҳо,
балки
аз он мӯй сафед кардаанд,
то халқи садшикан алорағми душман
набинад рӯзи сиёҳ,
то замину замон дар зери осмон
набинад рӯзи сиёҳ,
то Ватан –
ин тулӯъгоҳи офтоби зиндагӣ,
дар ҳама печутоби зиндагӣ набинад рӯзи сиёҳ.
Ва ин буда орзуяшон
ва ҷавҳари такопӯяшон:
Сафед бошад роҳи фардо мисли мӯяшон…
3.7.1984
Шарҳи худро нависед