Шеъри Шералӣ

Ҳар кас ба тарозуе ҳамсанги замонаш нест,
Ҷуз санги раҳи фардо, ҷуз нанги замонаш нест.
Чун маркаби ҷавмасте бар чор тараф тозад,
Пур ҳанг занад, аммо оҳанги замонаш нест.
Пурсанг бувад роҳаш, беранг бувад умраш
Ҳар кас, ки дар ин дунё ҳамранги замонаш нест.
Дастихуши нокомӣ ё зочаи гумномист
Фаҳле, ки ба сад унвон фарҳанги замонаш нест.
Ожанги ҷабинеро хатти азамат машмор
Дар чеҳраи марде, ки ожанги замонаш нест.
Зи ту то дар сари корӣ, тамаллуқкор хоҳад монд,
Зи ман то камтарам аз ту, ками бисёр хоҳад монд.
Ману ту гарчи мисли аждаҳою ганҷ ҳамдӯшем,
Зи ту озор мемонад, зи ман осор хоҳад монд.
Ману ту гарчи дар як манзиле ҳамошёнастем,
Зи ту девор мемонад, зи ман дидор хоҳад монд.
Ту гарчи боғбонастию гӯё боғ ҳам розист,
Зи ту гулхор мемонад, зи ман гулзор хоҳад монд.
Табиби ҷумла иллатҳостӣ андар назар, аммо,
Зи ту бемор мемонад, зи ман ғамхор хоҳад монд.
Миёни мову ту дар ин ҷаҳон фарқе, ки ҳаст,ин аст:
Зи ту инкор мемонад, зи ман пайкорхоҳад монд.
Миёни мову ту дар зиндагӣ фарқи дигар ин аст:
Зи ту тимор мемонад, зи ман тӯмор хоҳад монд.
Биё, биё, ки туро чун тарона мехоҳам,
Маҷӯ баҳона, ки ман бебаҳона мехоҳам.
Дар ошёни муҳаббат туро шабе танҳо
Ба зери гунбади ҳафтошёна мехоҳам.
Ту қадри шеър агар донӣ, хуб мефаҳмӣ,
Ки бо чӣ шӯр туро шоирона мехоҳам.
Чу дар баҳори умедам ҳуҷуми поиз аст,
Туро ба боғи дилам чун ҷавона мехоҳам.
Зи дурият ба сарам осмон фурӯ афтод,
Биё, ки ғайри ту зери само намехоҳам.
Замона дасти маро гарчи аз ту кӯтаҳ кард,
Туро чу ҳадяи дасти замона мехоҳам.
12.5.1980

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед