Шеъри Ватан

Модари ҷони ман астӣ,эй Ватан
Хонаи ман,бахту армони ман астӣ,эй Ватан.
Гарчӣ дини хешро дорам вале,
Дину имони ман астӣ,эй Ватан.
Мекунам шукронаи ободии
имрӯзаат,
Ҷону ҷонони ман астӣ,эй Ватан.
Қуллаҳоят рафта бар авҷи само,
Авҷи даврони ман астӣ,эй Ватан
Рудҳову чашмаҳоят роҳати ҷони
ҳама,
Роҳати дил роҳати ҷони ман
астӣ,эй Ватан.
Оламиён мешиносандат бо
Самарқанду Бухорои бузург
Ҳам Самарқанд,ҳам Бухорои ман
астӣ,эй Ватан.
Бо Ҳисори шодмону бо Душанбеи
азиз,
Чун биҳиште дар дилу ҷони ман
астӣ,эй Ватан.
Бо биҳиште ҳамчу Фархору ба
Хатлони аҷиб,
Мулки ободу дилорои ман
астӣ,эй Ватан.
Дорӣ имрӯз пешво Эмомалӣ
Раҳмонро,
Фахри виҷдони ман астӣ,эй
Ватан.
Шукри истиқлолу шукри ваҳдатат
Мояи ҷони ман астӣ,эй Ватан.
Бо ҳама сарсабзиву бо хуррамӣ,
Тоҷикистони ман астӣ,эй Ватан.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед

Рабство