ШЕЪРИ НАВ
Бахшида шудааст ба Мӯъмин Қаноат
Шеъри нав бархост ҳамчун одами нав,
Ҳамчу тифли инқилоб
Бо саволу бо ҷавобу бо хитоб.
Захмҳои пушти Айнӣ сатрҳои ӯ шуданд,
Оҳҳои хашмолудаш нидои ӯ шуданд.
Ҳар дари зиндон, ки бар рӯи асирон боз шуд,
Боби озодӣ кушуду шеъри нав оғоз шуд.
Сабки раҳгардии аскарҳост «Марши ҳуррият»,
Пеш-пеши радда гӯё табли озодӣ занад.
Шеър бо хуни дилу нӯки синон таҳрир шуд,
Дарди асроасраи таърихро тадбир шуд.
Шеър чун сарбози миллат шӯр афканду қиём:
– Интиқом аз охирин маснаднишинон,
________________________интиқом!
Калтаки сурху камону шохаю шамшерҳо
Байтҳои зарбадору тири мардафкан шуданд.
Тоҷҳо талқон шуда дар зери чархи тӯпҳо,
Тахтҳо бар тахтдорон оқибат мадфан шуданд…
Лек захми пушти Айнӣ то ҳанӯз
Дар дили ман хуфтааст.
Захми чашми устоди панҷрӯдӣ
Дар дили ман хуфтааст.
Захмҳои синаи ман қиссаи ногуфта аст.
Аз Бухоро то дили ман як ваҷаб роҳ асту бас,
Роҳи назми Рӯдакию роҳи аҷдоди ман аст.
Ман ба ин раҳ меравам пуршӯртар,
Меравам бар дуртар, бар дуртар.
Шеъри мо ҳар қадр лангардору шевотар шавад,
Захмҳои пушти Айнӣ он қадар ёбад шифо,
Чашмҳои Рӯдакӣ он қадр бинотар шавад.
10.1.1967