Шеъри Парчам

Шеър дар бораи Парчами Тоҷикистон

Парчами нангу номи мо,
Пораи ҷисму ҷони мо.
Нуру зиёи чашму дил,
Парчами Коваёни мо.

Бол кушо, бол кушо, бол кушо
Ранги ба ранг,
Сабзу сафеду лоларанг,
Тоҷу ситораҳот қашанг.
Тоҷи сар астӣ, эй Ватан,
Ҷони ман астӣ, эй Ватан.

Шеъри Парчам

Рангҳои парчами мо хушҷило,
Тоҷи он мероси кайшоҳӣ бар мо.
Ҳафт ахтар ҳафт бурҷи роҳи нур,
Роҳкушои олами бахту сурур.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!
Ранги сабзаш сабз шуд аз ҷони мо,
Ранги сурхаш хуни аҷдодони мо.
Дар сафедияш раҳи бахти сафед,
Мебарад моро ба фардои умед.
Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,
Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

(Ҳакназар Ғоиб)

Парчами милли Тоҷикон

Тоҷикон аз нишон бифахранд,
Тоҷикистониён бо парчам бифахранд,
Халқи барумандам ҳазорсола аст,
Ин нишон ягонагии мо аст.

Парчами мо зеби халқи тоҷикон аст,
Дар офаринаш се рангро дар бар аст.
Ман биафшонам парчами Тоҷикистонро,
Дурахшон бинам ман ватанро.

Ман ки зодаи Тоҷикистонам,
Дар дилам, ранги туст эй парчамам,
Сурху сафеду сабз бо ахтари ҳафтҷило,
Гашти дилрабои азиз бар халқи мо.

(Анварчон М.)

Парчами ягона
Зебост мисли хона
Мисли модар азиз аст
Зебост мисли хона
Ин рамз рамзи тоҷик
Парчами мост ягона

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед