Шеъри зинданони

Қалам бо он камию кӯтаҳияш
Сутуни зиндагии бениёз аст.
Туро дорад муаллақ дар фазоҳо,
Чу лангарчӯби дасти дорбоз аст.

Варо гар рост дорӣ, дар баландӣ
Сари торе тавон истод осон.
Биафтӣ сарнагун, ар дорияш каҷ,
Бимириву шавӣ бо хок яксон.

5.2.1966

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед