Шикваи ахди ҳунар мешунавам
Медавам дар кӯчаҳои зиндагӣ
Рӯзу шабҳо аз қафои зиндагӣ.
Ҳар чӣ меёбам ба сад ранҷу алам,
Мефишонам пеши пои зиндагӣ.
Мехурам гамҳои қисматкардааш,
Мекашам дарду балои зиндагӣ.
Офтобам, лек чашмам сӯи хок,
То бияфзояд сафои зиндагӣ.
Осмонам, лек ҳамранги замин
Баҳри фардои бақои зиндагй
То намирад зиндагӣ рӯзе чу ман,
Як замон мирам барои зиндагӣ!
♦ ♦ ♦
Аз замон панди падар мешунавам,
Аз замин рози башар мешунавам.
Ахтари наҳс фузун аз саьд аст.
3-осмон бӯи хатар мешунавам.
Оламе пур шуда аз одами хушк, —
Ин фшон аз гули гар мешунавам.
Одами бегунаҳе нест, ки нест,
Бӯи дуда зи шарар мешунавам.
Ҷои бӯи ҷигар аз шеъру сухан,
Эй бадо, бӯи дигар мешунавам.
Камдилу нимадил афзун шудааст, —
Аз чалу рост хабар мешу навам.
Ин чӣ дунёст, ки ҳар ҷо биравам,
Шикваи ахди ҳунар мешунавам! 1978