Шири хом
Одамизод шири хомхурда,
Мешавад ӯ ба ҳар замон дигар.
Борсанги ҷаҳон ба дӯши ӯст,
Гоҳ қубҳаш зи ҳуснаш авлотар.
Гоҳ аз ишқ тавба мегӯяд,
Бингарӣ, боз ишқ меварзад.
Дар дили хеш мекунад шӯриш,
Дар таҳи хобҷома меларзад.
Дафтари хотироти худро шаб
Мекунад хуб сафҳагардонӣ.
Ёфта сафҳаҳои холиро,
Мекунад дуд аз пушаймонӣ.
Хоҳад ӯ сафҳаҳои дигарро
Ҳеҷ нагзорад он чунон холӣ,
Лек як рӯз бингарад – сафҳа
Боз холист, боз бефоле.
Як ба хуршед бингарад ҳар субҳ,
Як ба маҳтоб бингарад ҳар шом.
Як ба оина бингарад худро,
Як ба чашмони кӯдакон ором.
Гарчи ӯ нест сер аз буда,
Гарчи носерам аст чашмонаш.
Лек розист – ҳар чӣ ӯро нест,
Ҳаст дар орзую виҷдонаш.
Зиндагӣ бо тамоми қолабҳош
Ранг-ранг аст чун пари товус.
… Одамӣ гар гуноҳ кам мекард,
Инчунин буд кай ҷаҳонафрӯз?!
1971
Муаллиф: Лоиқ Шералӣ