Шишаи бишкастаро

Нест озори касе дар дили рампешаи мо,
Ҷӯйи шир аст равон аз даҳани шишаи мо.
Хисрави ишқ агар бар сари инсоф ояд,
Хуни Фарҳод зи Ширин талабад тешаи мою
Мо ниҳолем, ки парвардаи боғи дигарем,
Шохи мо сабз шавад пештар аз решаи мо.
Мавҷро баҳр хатарнок бувад тахтаи машк,
Ҳар куҷо теғ бувад по ниҳад андешаи мо.
Бар сари хома ниҳӣ теғ нагардад зи забон,
Тундхӯйӣ натавон кард ба ҳампешаи мо.
Сайидо, пайкари мо сӯхт саропой зи доғ,
Оташ афтод ба як бор дар ин бешаи мо.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед