Шоҳид он нест, ки

Шоҳид он нест, ки мӯеву миёне дорад,

Бандаи талъати он бош, ки оне дорад.

Шеваи ҳуру парӣ гарчи латиф аст, вале,

Хубӣ он асту латофат, ки фалонӣ дорад.

Чашмаи чашми маро, эй гули хандон, дарёб,

Ки ба умеди ту хуш оби равоне дорад.

Гӯйи хубӣ кӣ барад аз ту, ки хуршед он чо,

На саворест, ки дар даст иноне дорад.

Дилнишон шуд суханам, то ту қабулаш кардӣ,

Оре — оре сухани ишқ нишоне дорад.

Хами абрӯи ту дар санъати тирандозӣ,

Бурда аз даст ҳар он кас, ки камоне дорад.

Дар раҳи ишқ нашуд кас ба яқин маҳрами роз,

Ҳар касе бар ҳасаби хеш гумоне дорад.

Бо хароботнишинон зи каромот малоф,

Ҳар сухан вақтеву ҳар нукта маконе дорад.

Мурғи зирак нашавад дар чаманаш нағмасарой,

Ҳар баҳоре, ки зи дунбол хазоне дорад.

Муддаъӣ, гӯ, луғазу нукта ба Ҳофиз мафурӯш,

Килки мо низ забоневу баёне дорад.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед