ШОХОБ

Дилам аз ёди ту дарёи сухан шуд, дарё,
Ҳамчу оғӯши ту, к-аз мавҷи равон шуд лабрез.
То бигӯям ғазали мавҷи сухангӯйи туро,
Рӯди Сайхун, ту ба дарёи дили ман омез.

Пеш аз оне, ки шиносам Ватану меҳри Ватан,
Ман ба ин обу ба ин хок назар мекардам.
Оби ту баски даромехт дар обу гили ман,
Меҳри ту дар дилу ёди ту ба сар мекардам.

Дар куҷо дида будам рӯйи само бори нахуст,
Тори сар ё ки дар ойинаи бозигари ту?
Ту бидонӣ, ки чӣ гул буд маро ёри нахуст,
Хоби дилдодагии хеш бигуфтам бари ту.

Модарам, то ки бувад ҷони ҷавонам ба амон,
Манъ мекард, ки бо ту биравам мавҷсавор.
Модари мушфиқи ман кай хабаре дошт аз он,
Ки тапад қалби ман аз ишқи чу дарёи нигор.

Ту ба соле ду карат мешудӣ аз хеш бадар,
Шуста дар соҳили худ боғу чаманзорон беш.
Гарчи будам ҳама дам собиту сокит ба назар,
Бештар аз ту бадар рафтаам аз соҳили хеш.

Рӯди ҳамрозу ҳамовоз бигаштӣ ту ба ман,
Бо ту ошиқ шудаму шоири озодасухан.
Ту ба Омӯя бирафтӣ ба суйи баҳри Арал,
Ман пайи ҳарду бирафтам ба суйи баҳри ғазал.

Ман бирафтам ба муроде, ки ба дарё бирасам,
Рӯди Сир, мавҷи диламро бирасон бар дарё.
То ба ин дил, ки бувад мӯҷиби ҳар як нафасам,
Ҳамчу шохоби равони ту зиям дар дунё.

***

Ҳар рӯз камтар мешавад
Эҳсоси шӯрафшони мо,
Гармии сӯзиш меравад
Аз қалби мо, аз чони мо.

Гармем дар савдои хеш,
Хунсарди ғамҳои дигар.
Аз ин сару савдо магар
Гӯем боре алҳазар?!

Ё зиндагӣ дунёхурист,
Дунёхуру худпарварем.
Мо дар ғами дунё гаҳе
Бошад ки худро ҳам хурем.

Дар хоби ғафлат меравад
Чун сеяки умри башар,
Ҳайф аст хобидан ба рӯз
Аз дарди олам бехабар.

Сайёраи сабзи замин
Сабз аст аз сарҷӯёи дил.
Хуршед гардад зарра ҳам
Дар ҷустуҷӯйи кӯйи дил.

Дил меҳвари ҳастии мост,
То ғамкашу ғамхораем.
Мо бод или дардошно
Сайёра дар сайёраем.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед