ЗИНДАГИИ ШОИРОНА

Воаҷаб, кас мушкиле осон намояд бар кассе,

Азбарои пешпояш ҳозиру бадкор беш.

 

Қам бувад дар рӯи олам одамони мӯътабар,

Кардааш бар халқ миннат, сангдил, маккор беш.

 

Дӯстон, илму амалро ҷонфидо як аз ҳазор,

Дар сухан бо халқу миллат мӯнису ғамхор беш.

 

Дар миёни аҳли ишқ аз содиқони ёр кам,

Ин қабоҳат бин, вафою сидқ дар бозор беш.

 

Аҳли фазлаш азбарои ҳифз ҷӯяд шоҳбайт,

Гарчи, Ӯлмас, даври моро шоиру ашъор беш.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед