ЧУ ОЯД БА СӯЙИ ҲАМАЛ ОФТОБ

Чу ояд ба сӯйи ҳамал офтоб,
Ҷаҳонро шавад тоза аҳди шубоб.
Сабо бехабарвор дар бӯстон,
Зи рухсори гуд даррабояд ниқоб.
Хуш ояд дар ин вақт кардан сабӯҳ,
Беҳ ояд аз ин фасл буданд хароб.
Нигоре нишон пеши худ, к-аз тараб
Бигарад суроҳию резад шароб.
На ччун лаъли ӯ май бувад дар қадаҳ,
На чун рӯи ӯ гул бувад дар ҳиҷоб…

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед