ШУКРОНАЕ БАРОИ ДУШАНБЕ

Шукри ин шаҳр мекунам умре,
Ки дар оғӯши худ паноҳам дод.
Сарпаноҳи умедҳоям шуд,
Ҳар чӣ мехостам, фароҳам дод.
Шукри ҳар кӯчаи чанористон,
Шукри обу ҳавои рӯҳангез,
Шукри ҷому маи тарабхона,
Шукри ин рӯзҳои бепарҳез.
Шукри Варзобу хониши рӯдаш,
Шукри бар коми дил расиданҳо.
Шукри ёре, ки армуғон овард
Сӯхтан, сохтан, тапиданҳо.
Шукри ҳар як қадам раҳи ин шаҳр,
Ки дар ӯ нақши пои ёре ҳаст.
Шукри ҳар як дарахт, ки аз ӯ
Ёде аз қомати нигоре ҳаст.
Шукри ёрони ҳамдилу ҳамҷом,
Шукри ёрони дуру наздикам.
Шукри он дӯстон, ки нодида
Мешиносанд ҳамчу тоҷикам.
Шукри даврони ҳозиру нозир,
Ки маро бо худам шиносонид.
Ки дар ин шаҳр пойгоҳам дод,
Ки ба неку бадам шиносонид.
Ман дар ин шаҳр то бувам зинда,
Шукри ёрони дилшинос кунам.
Гар бисоти дилам камӣ дорад,
Аз дили халқ иқтибос кунам.
Ҳар кӣ бошам, шукӯҳи ин шаҳр аст
Буди ман, суди ман, вуҷуди ман.
Шукри ин шаҳр – шаҳри рушду камол,
Шаҳри гаҳвораи суруди ман…
* * *
Қарздорем аз осмону замин,
Аз ҳама ҳар чӣ ҳаст дар дунё.
Аз Ватан қарздори ҷонбозӣ,
Аз замон қарздори хидматҳо.
Ҷисмамон қарзи хоки бобоён,
Ҳар нафас – қарз аз ҳавои Ватан.
Мегудозем хешро ҳар дам
Дар адои вазифаҳои Ватан.
Ҳарчӣ дорем, орият бошад,
Ҳар чӣ дорем, қарз аз дунёст.
Чашмамон – қарзи пораи хуршед,
Набзамон қарзи мавҷи дарёҳост.
Хунамон – қарзи шираҳои Замин,
Рӯҳамон қарзи рӯҳи яздон аст.
Номамон қарзи шири модарҳо,
Комамон қарзи коми мардон аст.
Ин ҳама бори қарзҳо бар дӯш,
Гаҳ паровар, гаҳе замингирем.
Он қадар маст, он қадар мағрур,
Гӯиё ҳеҷ гаҳ намемирем…
Лек ҳар рӯз бо ҳазор оҳанг
Умри мо дар адои қарз шавад.
Ноаён зарра-зарра ҳар соат
Ҷисму ҷонҳо фидои қарз шавад.
Он ҳама қарз, ки ба рӯи мост,
Худ шаҳодат диҳад, ки инсонем,
То даме зиндаем, он ҳамаро
Бекамукост бозгардонем.
Лек бо кулли санъату эъҷоз,
Бо ҳама ору покии виҷдон
Мурдаю зинда ҷумла мемонем
Аз Ватан қарздори ҷовидон…
1974

Муаллиф: >

Шарҳи худро нависед