Шӯру

Кош дигарбора ошиқ будаме,
Ман ба номи худ мувофиқ будаме.
Қадри ёри хештан донистаме,
То бақои умр содиқ будаме.
Аз итоби ӯ намеранҷидаме,
Меҳрубон, дилсӯз, мушфиқ будаме.
Ишқи ӯро қиблаи дил хондаме,
Кай чу ин дунё мунофиқ будаме.
Бо ҷавонию ҷунуни ошиқӣ
Шӯҳра дар ақсои Машриқ будаме.
Кош бо пирӣ намебархурдаме,
Кош ҳаждаҳсола Лоиқ будаме…
Содаю содашуморем, ҳамин тинати мост,
Таҳи кору таҳи борем, ҳамин қисмати мост.
Ханда мегирадам аз мушту гиребоншудагон,
Даст бар гардани ёрем, ҳамин давлати мост.
Ҷумлае аз паи шуҳрат ба ҷаҳаннам рафтанд,
Мо, ки з-он ҷумла канорем, ҳамин шуҳрати мост.
Иддае ҷуста тило, сокини маҳбас гаштанд,
Мо, ки як пайса надорем, ҳамин сарвати мост.
Дастае тарки Ватан гуфта, кафандузд шуданд,
Мо ки дар кунҷи диёрем, ҳамин нузҳати мост.
Пойандози ҳама аз гулу себарга кунем,
Мо, ки ҳамдасти баҳорем, ҳамин суннати мост.
Дигаронро зи тараҳҳум бираҳонем зи дом,
Баҳри худ дом гузорем, ҳамин қудрати мост.
Тоҷикистон ҳама санг аст, вале бар гӯре
Лавҳасанге нагузорем, ҳамин ҳиммати мост.
Бас касон баҳри худ аз баҳри худо бигзаштанд,
Мо, ки чун санги мазорем, ҳамин вусъати мост…
Тирамоҳи ман, баҳорамро бидеҳ!
Мавсими авҷу барорамро бидеҳ!
Дар қарори ту дилам таркиданист,
Зиндагии беқарорамро бидеҳ!
Ман кунун аз ҳақталошӣ фориғам,
Он талоши ҳақгузорамро бидеҳ!
Ғамгусоронам ба ғам печидаанд,
Он ғами беғамгусорамро бидеҳ!
Дар кафам монда кафи хокистаре,
Он ҳама шӯру шарорамро бидеҳ!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед