Сиёвуши Касроӣ

Ман он абрам, ки меоям зи дарё,
Равонам дар ба дар, саҳро ба саҳро.

Нишони киштзори ташнае к-у,
Ки боронам, ки боронам саропо.

Парастуи фирорӣ аз баҳорам,
Як имшаб меҳмони ин диёрам.

Чу моҳ аз пушти хирманҳо барояд,
Ба дидорам биё, чашминтизорам.

Канори чашмае будем дар хоб,
Ту бо ҷоме рабудӣ моҳ аз об.

Чу нӯшидем аз он ҷоми гуворо,
Ту нилуфар шудӣ ман ашки маҳтоб.

Маро гуфтӣ, ки дил дарё кун, эй дӯст,
Ҳама дарё аз они мо кун, эй дӯст.

Дилам дарё шуд, инак дар канорат,
Макаш дарё ба хун, парво кун, эй дӯст.

Ба шаб фонӯси боми тори ман буд,
Гули обӣ ба гандумзори ман буд.

Агар бо дигарон тобида имрӯз,
Ҳама донанд рӯзе ёри ман буд.

Ману ту соқаи як реша ҳастем,
Ниҳоли нозуки як беша ҳастем.

Ҷудоимон чӣ бор овард, бингар
Шикаста аз дами як теша ҳастем.

Саҳаргоҳӣ рабудандаш ба найранг,
Камандандозҳо аз дарраи танг.

Гавазни кӯҳҳо дар дарра бе ҷуфт,
Гудозон сина месояд ба ҳар санг.

Самандӣ, эй саманди оташинбол,
Талоӣ наъли ман абрешиминбол.

Чунон рафтӣ бар ин дашти ғамолуд
Ки ҷуз гардат намебинам ба дунбол.

Тани беша пур аз маҳтоба имшаб,
Паланги кӯҳҳо дар хоба имшаб.
Ба ҳар шохе диле сомон гирифта,
Дили ман дар барам бетоба имшаб

Ғуруба, роҳ дуру вақт танге,
Замину осмон хунобаранге.

Биёбон масти занги корвонҳост,
Азизонам, чӣ ҳангоми диранге.

Зи доғи лолаҳо хуна дили ман,
Гулистуни шаҳидуна дили ман.

Надора раҳ ба ободӣ, рафиқун,
Биёбун дар биёбуна дили ман.

Аз ин кишвар ба он кишвар чӣ дуре,
Чӣ дура, хонаи дилбар чӣ дуре.

Ба дидори азизон фурсатат бод,
Ки вақти дидани дигар чӣ дуре.

Матобон гесувони дарҳаматро,
Бишӯй, эй руди дилвопас ғаматро.
Тан аз хуршед пур кун, варна имшаб,
Биёлояд ҳама печу хаматро.

Гуле ҷо дар канори ҷӯ гирифта,
Гули маъво сари гесӯ гирифта.
Баҳор асту маро з-ин дашти гулпӯш,
Гуле бояд, ки бо ман хӯ гирифта.

Саҳар меояду дар дил ғаминам,
Ғаминтар одами рӯи заминам.

Агар гаҳвораи шаб во кунад рӯз,
Куҷо хусбам, ки дар хобат бубинам.

На раҳ пайдо, на чашми раҳкушое,
На сӯ-сӯе чароғи ошноӣ.

Гурезе боядам аз доми ин шаб,
На пой, эй дил, на асби бодпое.

Чаро бо боғ ин бедод рафтаст?
Баҳори нағмаҳо аз ёд рафтаст?

Чаро, эй булбулони монда хомӯш
Умеди гул шудан барбод рафтаст?

Ба хокистар чӣ оташҳо, ки хуфтаст,
Чиҳо дар ин лабони ношукуфтаст.

Манам он соҳили хомӯши сангин,
Ки тӯфон дар гиребонаш нуҳуфтаст.

Нигоҳат осмонам буду гум шуд,
Ду чашмат соябонам буду гум шуд.

Ба зери осмон дар сояи ту,
Ҷаҳон дар дидагонам буду гум шуд.

Ғами дарёдилонро бо кӣ гӯям?
Куҷо ғамхори дарёдил биҷӯям?

Дилам дарёи хун шуд дар ғами дӯст,
Чигуна дил аз ин дарё бишӯям?

Сабат пур карда аз гул домани дашт,
Хушо субҳи баҳору дашту гулгашт.

Насим, атри гиёҳи кол****** дар ком,
Ба шаҳр омад паёме доду бигзашт.

Насимам, раҳрави бебозгаштам,
Ғуборолудагӣ, ин саргузаштам.

Саропо ёди рангу бӯи гулҳо,
Дареғогӯ, ғариби кӯҳу даштам.

Ту пойизи парешам кардӣ, эй гул,
Парешонтар зи пешам кардӣ, эй гул.
Ба шаҳри ошиқон танҳо шудам ман,
Ғариби шаҳри хешам кардӣ, эй гул.

Хушо пуршӯр парвози баҳорӣ,
Миёни галлаи абри фирорӣ.

Ба кӯҳистон танини қаҳ-қаҳе нест,
Дареғо, кабкҳои кӯҳсорӣ.

Баҳорам мешукуфат дар нигоҳат,
Пур аз гул гашта ҷони ман ба роҳат.

Ба боми орзуям лона доранд,
Парастуҳои чашмони сиёҳат.

Шабе, эй шуъла, роҳе дар танам кун,
Забони сурх дар пироҳанам кун.

Саропо гур******* бизан, хокистарам соз,
Дар ин торикӣ аммо рӯшанам кун.

Манам чанге гунуда дар ғами хеш,
Ба лаб хомӯшу ғавғо дар дили реш.

****** Кол-меваи наврас

******* Гур-оташи сӯзон

Ғуборолуди ёди базму соқӣ,
Гусаста ришта, аммо нағмаандеш.

Шақоиқҳо канори санг мурданд,
Булурин обҳо дар раҳ фусурданд.

Шабоҳангом хайли кокулиҳо********,
Аз ин кӯҳу камарҳо лона бурданд.

Баҳор омад, баҳори сабза бар тан,
Баҳори гул ба сар, гулбун ба доман.

Маро ку шабнами ашке намондаст,
Чӣ созам гар биёяд хонаи ман.

Ғубори хайма бар олам гирифта,
Замину осмон мотам гирифта.

Чӣ фасл аст, ин ки якбандони дилҳост,
Чӣ шаҳр аст ин ки хоки ғам гирифта?

Ба сони чашмасоре пок мондам,
Ниҳон дар сангу дар хошок мондам.

Ҳавои осмонҳо дар дилам буд,
Дареғо, ҳамнишини хок мондам.

Саҳаргоҳон ки ин дашти тилопӯш,
Саросар мешавад овозу оғӯш.

Ба домони чаман, эй ғунча, биншин,
Баҳорам бош бо лабҳои хомӯш.

Ту бе ман тангдил, ман бе ту дилтанг,
Ҷудоӣ байни мо фарсанг-фарсанг.

Фалак дурӣ ба ёрон меписандад,
Ба хуршедаш бимонад доғи ин нанг.

******** Кокулӣ-гунҷишк

Парастуҳои шодӣ пар гирифтанд,
Дил аз ободии мо баргирифтанд.

Ба роҳи шаҳрҳои офтобӣ,
Замини сард пушти сар гирифтанд.

Бигардам, гулбаҳорам, чашми мастат,
Бубинам даври гардан ҳар ду дастат.
Ман он мурғам, ки аз бомат паридам,
Надонистам, ки ҳастам пойбастат.

Ало! Кӯҳӣ, дилат бе дард бодо!

Танурат гарму обат сард бодо!
Асири дасти номардон намонӣ,
Самандат тезу ёрат мард бодо!

Ду то оҳу аз ин саҳро гузаштанд,
Чӣ бе ово, чӣ бе парво гузаштанд.

Аз ин саҳрои беҳосил, ду оҳу

Канори ҳам, вале танҳо гузаштанд.

Рубоӣ

Дар базми ту, эй умед, бас чанг задем,
Сад роҳ тарона бо дили танг задем.

Аз зулфи ту охир гираҳе боз нашуд,
Пас ҷоми дили хуншуда бар санг задем.

Як рӯз дилам бистари тӯфонҳо буд,
Гаҳвораи меҳрпарвари ҷонҳо буд.
Имрӯз кавирест аташнок, афсӯс,
Он дил, ки тарабхонаи боронҳо буд.

Аз кӯҳ баромадему бо руд шудем,
Даргир ба он чи ҷон ба фарсуд, шудем.
Мо чашмаи ҷӯшандаи покӣ будем,
Дар роҳ дареғо, ки гилолуд шудем.

Гуфтанд, ки ғам давлати ҷовид гирифт,
Гуфтанд, ки яъс ҷои уммед гирифт.

Гуфтем чароғи бода рӯшан бодо

Торикӣ агар хонаи хуршед гирифт.

Дидам, ки чакид хӯшаи парвинам,
Пар рехт ниҳолакам, гули симинам.

Бедор шудам, шамъ такопӯ дорад
Шаб буду ту рафта будӣ аз болинам.

Сар бурда ба сина, кӯҳ мотам дорад,
Бо дарра басе ҳикояти ғам дорад.

Эй бод, чӣ рафта дар шаби пеш, ки санг
Дар чашми кабуди хеш шабнам дорад?

Овора дар ин сапедаҳои хомӯш,
Мепечаму боз мегушоям оғӯш.

Эй панҷараҳои хуфта, чашмам ба шумост,
Ман нағмаи дарраҳои хокистарпӯш.

Фарёд задам: ба боғи мо бед шикаст,
Дар биркаи******** рӯшан рухи хуршед шикаст.

Бишнид саросар шаб ин қиссаву субҳ
Нолид: надонистиву уммед шикаст.

Овехта бед хаста гесӯ бар об,
Печида дар амвоҷи сапеди маҳтоб.

Шамнам натаровида ҳанӯзу тани шаб
Дар сояи баргу буттаҳо рафта ба хоб.

Гулзори тараб водии хомӯшон шуд,
Хунобаи дил бодаи майнӯшон шуд.

Шаҳре, ки дар он ишқ арӯсӣ мекард,
Имрӯз вилояти сияҳпӯшон шуд.

******** Бирка-обгир, толоб

Шуд комраво дӯст зи нокомии ман,
Хандид чу шӯъла бар ману хомии ман.

Паймона шудам, ки обрӯям бахшанд,
Май ранги дигар дод ба бадномии ман.

Чашмам ба карони шаб нигаҳ месояд,
В-ин роҳи ба ғам даршударо мепояд.

Гӯянд, ки рафта барнамегардад боз,
Аммо дили ман метапад: ӯ меояд.

Хам шуд лаби ҷӯю соя бар об афканд,
Як лаҳза назар бар рухи шодоб афканд.
Пас панҷа фурӯ бурд ба мавҷи гесӯ
Дар ҳар буриши мӯи сияҳтоб афканд.

Дар ҷодаи офтоб раҳ мепӯям,
Дар чашмаи моҳтоб тан мешӯям.
Фарзанди шабу рӯзаму пурсон-пурсон
Эй оянда, шаҳр туро меҷӯям.

Як шаб ба ҳавои мӯи ту чанг ба даст,
Шатти ғами овозам раҳ бар шаб баст.

Ногашта гули ситора сероб афсӯс,
Фаввораи ҳар тарона дар авҷ шикаст.

Бар панҷаи по баромад он ёру парид,
То аз сари шохсор себеро чид.

Бистурд ба сина гард онрову фишурд,
Бар сурхии себ коли дандони сапед.

Аз сӯхтагон боз паре мехоҳанд,
Хокистари шӯълапарваре мехоҳанд.
Онон, ки зи як қафас ҷудомон карданд
Овози ғамолудатаре мехоҳанд.

Мавҷест, ки мекунад сар аз дарё бар,
Боландаву рақсандаву домангустар.

Майлаш ҳама павози раҳоист, вале
Дар мешиканад, фуруд меорад сар.

Маҳ бар сари хорбуттаҳо кокул баст,
Лағзид зи кӯҳу дарраҳоро пул баст.
Печид ба гарди ҷангал абрешимвор,
Як даста гули баҳории бегул баст.

Эй ҷӯй, биё ба ҳам ҳамово гардем,
Бо чашмаву шатту руд якҷо гардем.
Пайванд кунем рӯшанӣ бо покӣ,
Бошад рӯзе дубора дарё гардем.

Бо кӯҳи ғамат чу кӯҳ сангӣ кардам,
Бо панҷаи ишқи ту палангӣ кардам.
Мерафтиву ман бар сари роҳат печон,
Раҳ бигрифтам чу дарра тангӣ кардам.

Аз доманаи уфуқ сиёҳӣ меруст,
Бар роҳи дароз бод манзил меҷуст.

Мехуфт садоҳои парокандаи дашт,
Дар бирка парандае сару тан мешуст.

Бод асту пароканда ба ҳар сӯ пари ман,
Дар ҷангали хомӯш хазонпарвари ман.

Пурбортар аз ғамат бубин боғамро,
Эй саркаш, эй умеди нобовари ман.

Аз кӯи вафо ба санг дурам карданд,
Дар хона ғам зиндабагӯрам карданд.
Бикшоям агар сина ба пеши ту шабе,
Бинӣ, ки чӣ бо дили сабурам карданд.

То рӯй ба боғи бомдод овардам,
Эй гумшуда гул, туро ба ёд овардам.
Пӯйидамату наҷустамат дар саҳро,
Он гоҳ гуле чу гирдбод овардам.

Бо шуълаат, эй умед дилбаста манам,
Бедор, нигаҳдори тани хаста манам.
Дар чашми шаби сиёҳ месӯзаму боз
Он шамъи ба роҳи субҳ биншаста манам.

Чун чанг кушудем ҷаҳон барпо шуд,
Қонуни фалак пур аз навои мо шуд.

Печид гулу ситора бо оташу об,
То ишқ падид омаду ғавғоҳо шуд.

Бигрифта ғами ғуруб кӯҳистонро,
Пӯшонда ғубори маҳ раҳи чашмонро.
Пойиз нишаста бар ҳама дарра, вале
Ман мешунавам бӯи гули пинҳонро.

Он шуд, ки ба хештан ниёз овардам,
Оби шударо ба ҷӯй бозовардам.

Бас ташна давидаму надодандам об,
Бишкастаму ҷони чашма соз овардам.

Баргард аз ин роҳу фаромӯшам кун,
Эй ишқ ба марги худ сияҳпӯшам кун.

Месӯзам ман, мешунавӣ, месӯзам,
Эй, оташ, обе шаву хомӯшам кун.

Ғам омаду аз дарича бар ман нигарист,
К-ин тудаи пурмалоли ҷонсӯхта кист.
Гуфтанд, ки абр аст, зи сар то по ашк
Ғам чун борон саросари шаб бигирист.

Гулдони дилам, даруни он ёди ту, гул,
Бар вайрониҳоям бунёди ту гул.

Пар баркашу аз синаи ин хоки хамӯш,
Эй дар ҳамаи кавир фарёди ту, гул.

Бо боғ манат гар сари ҷанг аст, чӣ бок,
Аз гунчаи ман дили ту танг аст, чӣ бок.
Гул овардам ба хона, гул овардам,
Гулдон агар аз сафолу санг аст, чӣ бок.

Бо шамнами меҳр баргу борам тар кун,
Биншин ба канори ман, маро бовар кун.
Дар ман бинигар, баҳор дар ман рӯъёст,
Мебӯй маро, пас он гаҳам пар-пар кун.

Мурғе ба қафас кардаму бурдам бар ӯ,
Мурғе ҳама савташ ғам, оташ пари ӯ.

Афсӯс парандаро гурезонд аз шавқ,
Барҷо дили танги ман ва чашми тари ӯ.

 



Шарҳи худро нависед