СИЛСИЛА

Аз раҳи хоксорӣ баъзеҳо
Дар назар гарчи ноаён ҳастанд,
Лек аз баҳри гулханафрӯзӣ
Гӯиё пешдаргирон ҳастанд.

Аввалин одаме, ки ҳарфе гуфт,
Буд беном, мо намедонем.
Аввалин ошиқе, ки ишқ овард,
Буд хушком? Мо намедонем.

Аввалин аскаре, ки дар майдон
Ҷон фидо кард бар Ватан-Модар,
Маргро рахна карду ғолиб мурд,
Мурд гумном, монд бепайкар.

Қаҳрамонони баъди ӯро мо
Бо муҳаббат сипос меорем.
Мегузорем пайкара бар ӯ,
Ёди ӯро азиз медорем.

Аввалин шоире, ки бедафтар
Гуфт шеъру намонд дар фарҳанг,
Аввалин мутрибе, ки бемактаб
Рехт аз синааш ҳазор оҳанг,

Мо надонем, арчи медонем,
Шеъру оҳанг ибтидое дошт,
Аввалин устоди гумноме,
Сабкҳои ҷунунадое дошт.

Зиндагонист ҳамчу занҷире,
Зиндагонӣ ба нисбате зиндаст.
Ҳалқаи аввалин агар танҳост,
Ҳалқаҳои дигар ба ҳам пайваст.

Бингарам чун ба марди човандоз,
Рӯи зин гӯиё парон ояд.
Дарзамон пеши дидаам ҳозир
Аспи чӯбии кӯдакон ояд.

Ханҷари обдор чун бинам,
Ёд орам азоби сандонро.
Даври дасторхон чу биншинам,
Ёд орам сипори деҳқонро.

Обрӯю ғурури дарёҳо
Чашмасорони кӯҳсоронанд.
Эътибори баланди минбарҳо
Хокпошону хоксоронанд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед