Симои халқ
Бишуд чун ҳоли кишвар танг бо рӯи кушод омад, Барои родмардиро намудан марди род омад,
Зи хуршеди нигоҳ абри навмеди бабод омад, Зи сомон ҷустанаш сомони Сомони ба ёд омад.
Ҷон буду вале тадбири пирони ҷаҳонаш буд, Ғами таъриху дарди рӯз андар маи ҷонаш буд, Басо гирдоби қисмат хуфта дар ашки нигоҳаш буд Ва руди обруи халқ дар азми аёнаш буд. Ҷонмардона барпо хест ӯву азми майдон кард, Алайҳи нохудогоҳии халқи хеш исён кард, Сипар худро барои ҷисму ҷони Тоҷикистон кард, Гузашт аз тирборону Ватанро меҳрборон кард.
Зи халқ афшонда нохудогаҳиву бенишониро, Тавоно кард расми ҳамдиливу ҳамзабониро, Замон бахшид ин халқи заминиву замониро, Накӯ бинмуд бар халқаш нигоҳи зиндагониро.
Чу шуд дар роҳи азми беназираш ҳамназар бо ӯ, Зи нав гардид соҳиббол халқи муштипар бо ӯ, Ба нангу номи худ афзуду шуд бисёртар бо ӯ, Натанҳо халқу мулке, худ ҷаҳоне шуд дигар бо ӯ!
Зи худафрузиаш афрухт аз нав ахтари тоҷик, Бишуд бо халқи худ болиданаш болу пари тоҷик, Берун овард аз неку садафҳо гавҳари тоҷик, Зи нав бигзошт ӯ тоҷи каёни бар сари тоҷик.
Дигар иқболи мардумро нигар, иқболи ӯро бин, Ба ҳар сӯе биёрад рӯй, истиқболи ӯро бин, Наку омоли ӯро бину неку фоли ӯро бин, Яқин ворастагии мулк — Истиқлоли ӯро бин!
Дигар ӯ нест ӯ, симои халқи Тоҷикистон аст, Ба дунё ҷилвагар дунёи халқи Тоҷикистон аст, Аз ӯ минбарбаланд овози халқи Тоҷикистон аст, Умеди рушанаш фардои халқи Тоҷикистон аст!