Сирри дил пеши касон гуфтани мо беадабист,

Сирри дил пеши касон гуфтани мо беадабист,
Харфи ҳис кори нигоҳ асту сухан зери лабист.
Гунчаро майли шукуфоӣ фаро омаду лек,
Арақи шарму ҳаё маънии иффатталабист.
Бе ҳидоят натавон рафт сӯи кишвари ишқ
Раҳ наёбад сӯи он мулк ҳар он кас асабист.
Гар, ки олуда бувад дидаву дил, қаъба марав,
Ақли носолиму андешаи ҳаҷ булаҷабист.
Хайфи эҳсоси вуҷуди туву мову ҳама кас,
Аҷабо, ошиқи ҳам пешаи шуҳратталабист.
Натапидем пайи ҷоизаву ҳам чоҳу ҷалол,
Амали хайр савоб аст на он ҳақталабист.
Мо, ки соҳибқаламу дафтару озодахаёл,
Фари мо фарри каёнист, на фарри арабист.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед