СУБҲИ ОБӢ

Чӣ аҷаб ғулғулаи борон аст,
Лутфи яздонии бепоён аст..
Мекунад бӯи баҳорам бедор,
Ахи паймонаву ҳам паймон аст.
Гулу себарга саропой дуост,
Вожа дар вожжа ҳама хандон аст.
Накҳати боғи биҳиштии замин
Баз ҷӯёи дили инсон аст.
Зи насими саҳари обияш
Навдаи бед сурурафшон аст.
Оби чӯ ҳарфи дили манн нашунад,
Ба ҳамон шир-шири худ сарон аст,
Ҳама шабҳои баҳорон ту субҳ
Тапиши шохраги армон аст.
Аз гувории онҳанги баҳор
Тозаву тар чамани алҳон аст.
Эй азизи дили Гӯё, шунавӣ,
Дар сухан ғулғулаи борон аст.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед