Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист
Сӯфӣ аз партави май рози ниҳонӣ донист,
Гавҳари ҳар кас аз ин лаъл тавонӣ донист.
Қадри маҷмӯъаи гул мурғи саҳар донаду бас,
Ки на ҳар, к-ӯ варақе хонд, маъонӣ донист.
Арза кардам ду ҷаҳон бар дили корафтода,
Ба ҷуз ин ишқи ту боқӣ хама фонӣ донист.
Он шуд акнун, ки зи абнои авом андешам,
Мӯҳтасиб низ дар ин айши ниҳонӣ донист.
Дилбар осоиши мо маслиҳати вақт надид,
В-арна аз ҷониби мо дилнигаронӣ донист.
Сангу гилро кунад аз юмни назар лаъли ақиқ,
Ҳар кӣ қадри нафаси боди ямонӣ донист.
Эй, ки аз дафтари ақл ояти ишқ омӯзӣ,
Тарсам ин нуқта ба таҳқиқ надонӣ донист.
Май биёвар, ки нанозад ба гули боғи ҷахон,
Ҳар кӣ ғоратгарии боди хазонӣ донист.
Ҳофиз ин гавҳари манзум, ки аз табъ ангехт,
Асари тарбияти Осафи сонӣ донист.
Муаллиф: Ҳофизи Шерозӣ
Шарҳи худро нависед