Сухан

Сухани ман дили сангро шиканад шаке нест
Кулфату ғам бираҳонад зи дилат шаке нест
Шубҳа дори ба каломи хеш бигӯ ҳарфе зи худ
Ҳар ҳарфи дили ман як сухан аст шаке нест
Як сухан аз даҳони сад нафар бишнидам
Ҳар каломи хеш ноб аст дар ин шаке нест
Ҳама такору такро бигуфтанд сухане
Сухани тоза биҷӯяд дили ман шаке нест
То умр ҳаст маро чунон дурахшам ба само
Тоза хуршеди замона дар ин шаке нест
Ман ҳамонам ки гӯям шиканад банди сухан
Ман Шоир Сифати суханварам шаке нест

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед