Сулҳ овард ӯ…
Соҳибистиқлол кишвар!
Мо, ки ҳамзоди туем,
Зодаи озодии ту, рӯҳи озоди туем,
Ҳамдамони лаҳзаҳои шоду ношоди туем,
Дар раҳи парвози фардо боли иршоди туем.
Ёд дорад зиндаги чун бахти шуро шӯр шуд,
Аз миёни дилқарибонаш қарибӣ дур шуд,
Бар сари Эраҷ зи дигар ҷабри Салму Тӯр шуд,
Тоҷдор, эй дареғо, расми номанзур шуд.
Аз миён барҳост ногаҳ тоҷбарсар тоҷике,
Мулкро кард аз хатар огоҳ бофар тоҷике,
Тоҷиконро ҷамъ овард аз ҳама дар тоҷике Зарра-зарра,
Ҳамчу аз реги равон зар, тоҷике.
Аз дилу аз ҷон намуд оғоз ӯ бо ҷанг,
Буд дар майдон вайро ҷавшан фақат номусу нанг,
Нармиаш афтонд эй бас аз кафи дилсанг санг,
Тангбинонро дили бикшодааш бинмуд танг.
Сулҳ овард ӯ барои халқи хеш аз он набард,
Балки сарсабзи намуд эй Худо ба ҳар як рангзард,
По ба по бо халқ роҳи сахти эҳёро сипард,
Ҳамдилиро боз дар дилҳои мардум зинда кард.
Гуфт, дилро чун руҳаш бикшода, пеши марду зан,
«Чангу ҷанг нангу нанг аст, эй азизони Ватан!»
Шуд мусаллаҳ дар набарди хеш бо неку сухан,
Бо адуи сулҳи кишвар кард ҷанги танбатан.
Хешро афрӯхт ӯ дар шоми халқу шамъ шуд,
Халқ чун парвона аз ҳар сӯ ба гирдаш ҷамъ шуд,
Баҳравар аз файзи ҳарфаш ҳар касеро самъ шуд,
Дар раҳи созандаги бо авҷ шуд, ботамъ шуд.
Он ки коҳи ошти бунёд дар оғоз кард,
Хестанро то абад бо халқи худ дамсоз кард,
Аз раҳи меҳру вафо сӯи ҷаҳон овоз кард,
Рафт бо ин роҳи зиндаги ҳам соз кард.
Эй ки дори меҳри афзун, ҷавди афзунро бубин,
Боғу роғи гулфишони кӯҳу ҳомунро бубин,
Дидаи пурнури фардо об Роғунро бубин,
Бар сари боло нигаҳ, кун, рӯи гулгунро бубин!
Бин равон аз Сангтӯда тудаи нури вайро,
Чун куҳистонаш сари болову манзури вайро,
То ба домони уфуқҳо шаҳри дури вайро,
Номи пуровозаи дар даҳр машҳури вайро!
Боғбонро, аз фарат сад боғ дар даврон шукуфт,
Боғи нангу ном дар дунёи ҳар инсон шукуфт,
Инак, аз гулҳои умедат «Баҳористон» шукуфт,
Андар ин оина садҳо чеҳраи хандон шукуфт!
Эй азизи ҷону дил, кори азизонро нигар,
Аз тараб давре бизан, дар давр давронро нигар,
Гӯ ба Исмоили Сомони, ки сомонро нигар,
Ту фахратро ба сар кун, Тоҷикистонро нигар!
Эй Ватан, ҳар лаҳзаи бахти ту сад соли дил аст,
Рузи Истиқлоли ту Наврӯзи иқболи дил аст,
Понздаҳ сол аст морову басо фоли дил аст,
Понздаҳ соли ту моро понздаҳ боли дил аст!
Сарзаминро бин, замину осмон моро шинохт,
Мо ҷаҳон бишнохтему ин ҷаҳон моро шинохт,
Шуд парешон ҳасм, ҷамъи дустон моро шинохт,
Парфишон сад парчами рангинкамон моро шинохт!
Эй Ватан, поянда бод ин шодии беохират,
Бахти мои, кам мабодо қудрати бахтофарат,
Аз ҳазорон соли ту хонад ҳазорон дар барат,
Офарин гуяд ҷаҳоне бар шукӯҳу бар фарат!