Сулҳ

Аз қадамат сафо расид,
Нур ба дидаҳо расид,
Меҳр ба ҷони мо расид,
Сулҳ ба ин саро расид!
Сулҳи ту меҳри ховар аст,
Сулҳи ту адли довар аст,
Гар бадан аст мулки мо,
Сулҳи ту ҷони дигар аст!
Бар лаби гушна нон бувад,
Бар тани хаста ҷон бувад,
Сулҳи ту ваҳии осмон
Баҳри заминиён бувад.
Ки назудост сулҳи ту,
Меҳрфизост сулҳи ту,
Доди Худост сулҳи ту,
Ҳастии мост сулҳи ту!

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед