Султон Раҳмонали
Маро чун ғунча пинҳон кун ки метарсам зи боронат
Бар зери барг пинҳонам, метарсам зи шохонат
Чун оби чашма софу беғашам пинҳон ба зери хок
Тараҳум кун ки дарёию метарсам зи туфонат
На шавқи ғайбате дорам на саъйу кушиши ғаддор
Вале аз чашми ноаҳлон метарсам зи ёронат
Гаҳе озурда хотирам аз ин чархи пур аз ғавғо
Ки сахт шармам ҳаме ояд аз ин ёрони нолонат
Ғариқи ишқи дарёи вуҷуди нози бе мислат
Дилам як умр метарсад зи бобобву зи момонат
Маро ҳар дам барад аз худ сари зулфи парешонат
Куҷо оям метарсам зи ҳукму адли Султонат
Тариқи васли ёр хоҳи чу Султон бош бо тақво
Ки бе тақво дар ин дунё метарсам зи халқонат
Шарҳи худро нависед