СУННАТҲОИ НАМОЗ
Суннат андар намоз омад бист,
Даҳ аз он қавлисту даҳ феълист.
Он чи қавлист, ҳаст истифтоҳ,
Баъд аз он дар ауз гашт фалоҳ.
З-он сипас тасмия асту омин аст,
Самиъаллоҳ гуфтан аз дин аст.
“Самиъаллоҳ ” имом бардорад,
Муқтади “раббано лака” оғозад.
Боз тасбеҳ дар рукӯъу суҷуд,
Низ такбир дар ҳутубу суъуд.
Пас бурун омадан ба лафзи “салом”,
Назди мо воҷиб аст дар ислом.
Фотиҳа дар дуи охир аз фарз,
Гир суннат, вале магир аз фарз.
Суннати феълӣ дар намоз даҳ аст,
Ёд гираш агар туро шараҳ аст.
Ҳаст рафъи ядайн то узнайн,
Низ бар ҷой саҷда дорад айн.
Баъд аз он дасти ростро бар чап,
Биниҳи зери ноф баҳри адаб.
Ман занонро ба ҷумлаи ақвол,
Даст бар сина беҳ бувад ҳама ҳол.
Даст бар зону дар рукӯъ бинеҳ,
Пушт ҳамвора дор ҳамчу зеҳ.
Саҷда оред дар миёни ду каф,
Шикам аз рон дур аст аз даф.
Низ бар пои чап нишаста кунӣ,
Сари ангушт сӯи қибла кунӣ.
Боз гардон ту руй вақти салом,
Бар ямину ясори хеш тамом.
Гар касе бар ту шубҳат андозад,
Мустаҳабро зи суннат андозад.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)