СУННАТҲОИ ШАБУРӮЗӢ
Уламо гуфтанд бе шубҳат,
Ҳаст суннат дувоздаҳ ракъат.
Шаш ба пешин гузору ду ба саҳар,
Ду пас аз шому ду ба хуфтан дар.
Чори дигар зи аср пеш гузор,
Лек инро зи мустаҳаб медор.
Дуи дигар гузор баъд аз шом,
Тоати зулҷалоли валикром.
Чор пеш аз ишо, чаҳор аз пас,
Суннати панҷвақт ин шуд бас.
Ғайр аз ин ҳарчи ҳаст, нофила аст,
Хоҷаи мо амири қофила аст.
Суннати холиси салот ин аст,
Ҳарчи ҳаст аз муаккадот ин аст.
Витрро аз воҷибот медоранд,
Бар ҳама воҷиб аст бигзоранд.
Муаллиф: Чаҳор Китоб (Чоркитоб 4)
Шарҳи худро нависед