Сунбул
Меравам дар боғу сар дар пойи сунбул мекунам,
Умрро чун шона сарфи зулфу кокул мекунам.
Менависам аз чаман бо он гули рӯ номае,
Хомаи таҳрир аз минқори булбул мекунам.
Даст аз ҷоншустаро аз сели бепарво чӣ ғам?
Хоби осоиш ба зери сояи гул мекунам.
Нест ҳоҷат зоди роҳ аз хеш берунрафтаро,
Гирдбодам, по ба домони таваккул мекунам.
Ғунчаи ҳуснам, Сайидо, умрест дар боғи ҷаҳон,
Андалебе гар ба сарвақтам расад, гул мекунам.
Шарҳи худро нависед