Сунбулам хуш омадӣ

Бар кӯчабоғи дилам, эй гул, хуш омадӣ!
Ҷӯши баҳори хонаи булбул хуш омадӣ!
Ҷон медиҳему нимнигоҳе намекунӣ,
Бар каф гирифта теғи тағофул хуш омадӣ!
Аз дидани ту гашт парешониям зиёд,…
Эй шона, баҳри пурсиши кокул хуш омадӣ!
Ганҷинахонаи ту бувад чашми Сайидо,
Печида рахти хеш чу сунбул хуш омадӣ.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед