СУРУДИ ФАРДО

Ман аз баҳори навангез бо шумо мардум,
Дуруд хоҳам гуфт,
Суруд хоҳам гуфт.

Дар ин баҳор ниҳолони тар ҷавона кунанд,
Парандагон ба дарахтони сабз лона кунанд.
Дигар зи шохи шаҷар лонае нахоҳад рехт
Ва хоки решаи худро башар нахоҳад бехт!

Ҳамин ки мегӯям,
Хаёлу хобе нест!
Дигар зи мулк ба мулке даруни тайёра
Ҷанозаҳои шаҳидон нагардад овора.
Ба нола дар сари тобутҳои рӯҳандуд
Чу шохи тар накунад қалби модарон ҳам дуд.

Арӯсҳои вафодор
Бо сиришки қатор,
На рӯйи раддаи тобути сардеву хомӯш
Зи гармии бағали ёри ҷон раванд аз ҳуш.
Ба ҷойи мотами ҷонсӯзи ин ҷавонмаргон
Расад навиди арӯсии ин ҷавонбаргон.
Бихандад аз дили мардум шукуфаҳои умед,
Шукуфаҳои баҳорон ба рӯзгори сафед.
Туйи намонда ба ёд,
Ба ёди тифли худ, эй модари ҷавонмаргам,
Бихоб осуда,
Мабош ошуфта,
Ки даври баччагии баччаат чӣ сон бошад,
Ба ин ятимаки бекас кӣ меҳрубон бошад.
Ба ман арӯс кӣ ҷӯяд, кӣ хостгор шавад,
Шаби нахусти арӯсӣ, кӣ пардадор шавад.

Бихоб ором,
Эй модари ҷавонмаргам,
Ки ман, ниҳоли ту, акнун дарахти бобаргам
Ва шукри ҳақ,
Ки гузаштаст нек умри сарам,
Ҳам аз ту ман ду баробар ба син бузургтарам.
Арӯси ман, ки туро ғоибона модар хонд,
Ба ёди ҳамсару бепуштибон нахоҳад монд.
Заифаи дигареро наберагонат низ
Ба ашку нола нахонанд ҷойи моми азиз.
Наберагони ту умри дароз мебинанд
Ва боз мебинанд
Надидаҳои туро
Ва боз мечинанд
Начидаҳои туро.
Чу ман ба ашки алам рӯйи худ намешӯянд,
Ба дарду ғусса ба фарзанди худ намегӯянд,
Ки мо ба ёд надорем рӯйи модарро,
Ки мо ба ёд надорем бӯйи модарро.
Агарчи ҷисми ту худ хоки хуфтае кайҳост,
Валек дасти ту аз хоки марқадат болост.

Ту, рӯҳи модари берӯзии ҷавонрафта,
Мабош ошуфта.
Зи родио нарасад баъд аз ин хабар ин сон;
«Ки танкҳои адӯ кард деҳае вайрон.
Ба зери чарх фурӯ рехт хонаҳо аз ҳам,
Ба зери хок ниҳон гашт манзили одам.
На кас бимонад саломат, на ошёна бимонд,
Ба боғи булбули хушлаҳҷа чуғз лона бимонд!…»
Ва ӯ ки мешунавад ин хабар, наменолад,
Ба марги ғайр чу дар марги хеш менолад,
Ки рӯйи куштаи мардум насозад инсоне
Бинои ишқу амонӣ.
Ва хоки мурча куҷову куҷо гулистонҳо,
Дарахт сабз нагардад ба хуни инсонҳо.

Дигар ба гӯш наояд ғиреву ғурриши тир,
Садои мурғи чаман ояду суми нахчир,
Ки дар ҷаҳони башар мерасад баҳори дигар,
Ба ҷойи аҳди хатар рӯзу рӯзгори дигар.
Саҳар зи ҳим-ҳими баргу чакомаи мурғон
Ба гӯш мерасад армони дудаи инсон,
Ки бо бародари хеш ӯ бародарӣ бикунад,
Замин ба насли башар гоҳвора хоҳад монд,
Башар зи маҳд қадам бар ситора хоҳад монд.

Ту, рӯҳи модари бебахти ман, бихусб ором,
Ки аз баҳори наве ман ба мардуми айём
Дуруд хоҳам гуфт,
Суруд хоҳам гуфт.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед