Суханхои ошикона, ширин ва гуворо
Бо ту будам як шабе танҳо ба танҳо то саҳар,
Бо ту будам як шабе дар боғи гулҳо то саҳар.
Як шабе зуд аз «Ҳазору як шаб» он ҷо рӯз шуд,
Ин дили девона бо васли ту бадомӯз шуд.
****************************
Баҳор омад шукуфта ғунчаи гул.
Равад шому ғаму андуҳи булбул.
Шаби ту доимо чун рӯз бошад.
Баҳори умри ту фирӯз бошад.
****************************
Чун замин пасту баланд аст ишқ ҳам,
Ошиқӣ роҳест пур аз печухам.
Медиҳад он чӣ нагунҷад дар хаёл,
Мебарад аз ту ба ғайри оҳу ғам.
****************************
Биё, бо ту ба мулки шаъну шавкат роҳ мегирам,
Дар ин раҳ ман ба ҳар оташ намесӯзам, намегирям,
Ба ҳар дарде наменолам, ба ҳар марге намемирам,
Бимон, эй зиндагонӣ, по ниҳам бар остони ту!
****************************
Ишқи ман чун ашки тифлон пок буду соф буд,
Фахри айёми ҷавониям ту будӣ, нозанин.
Будӣ пайванди ману дунёи пур аз орзу,
Иду тӯям, шодмониям ту будӣ, нозанин.
****************************
Ошиқам бар сари афрохтае,
Ки ба хокӣ буданаш афлокист.
Ошиқам бар лаби хандон, ки дар он
Хандаи пурҳияли шайтон нест.
****************************
Самои нилкору шӯълаи субҳонаи хуршед,
Дамиданҳои хоки хобноки навбаҳоронро
Дилам дар хеш пинҳон дошт,
Меболид, меҷӯшид,
****************************
Замоне буд, пешат менишастам, ту намедидӣ.
Замоне буд, пешат омада, таъзим мекардам.
Сари сабзам, дили гармам, ду чашми
меҳрубонамро
Чу ганҷи зиндагониям ба ту тақдим мекардам.
Ҷавонӣ ҳамчу нақши бӯсаи лабҳои ту гум шуд,
****************************
Ба гирди оташе, ки буд як вақте худои мо,
Хиромон чарх зан, сӯзон гуноҳи хешро яксар,
В-аз он пас пой неҳ бар остони хонаи ошиқ,
Бинеҳ бо дасти дунёдори худ
Бар фарқи ман афсар.
****************************
Ман он сайёди гӯлу сода будам,
Ки ту чун моҳӣ лағжидӣ зи дастам,
Тамоми рӯз биншастам ба соҳил,
Ба уммеде, ки бозоӣ ба шастам.
****************************
Ба ту ошиқ шуданду роз гуфтанд,
Суханҳои ҳавоӣ гуфта рафтанд.
Чу диданд ошёни ту баланд аст,
Ба пастиҳои дигар раҳ гирифтанд.
****************************
Кабӯтар номаи секунҷа мебурд,
Ба боли чун бари рӯят сафедаш.
Гули нома баҳори орзу буд,
Дили нома дурахшон мисли оташ.
****************************
Муҳаббат чист? – мепурсидӣ аз ман,
Шаби бемоҳ буду беситора.
Садоят буд ларзону шикаста,
Нигоҳат – шӯълаи алмоспора.
****************************
Хонаҳои баланду шаҳроро,
Шаҳри зебою кӯчаю гулгашт…
Дар ҳамин кӯчаҳои пурғавғо
Ошиқию ҷавониям бигзашт.
****************************