Таби сурх

То хонаи ман масофаи бисёр аст,
Расмам ба ду чашми чор дар девор аст.
Аз рӯи ман оинаи ман сер нашуд,
Оинаи ман мунтазири дидор аст.

Дар хонаи ман дорӯи хобам монда,
Як пар қалами пари уқобам монда,
Ман болини ҳамсарӣ надидам умре,
Дар болини ман ҷилди китобам монда.

Ҳар кӯза, ки аз хоки лаби Элок аст,
Ҳамхоки ман асту ҳамчу қоғаз пок аст.
Аз кӯзаи пушти ман напурсед маро,
Хоке, ки ба cap задам ман, аз он хок аст.

На боғи падар монду на он беди қатор,
Аз беди қатор монда калбеди қатор.
Он беди қатор чӯби гаҳвора нашуд,
Ё чӯби аловӯ шуд ва ё чӯби мазор.

Дар пушти ман авлиё набуд, пир набуд,
Девори Хитою кӯҳи Помир набуд.
Дар пушти сарам латтамазорон буданд,
Бо латтаи пора-пораи сурху кабуд.

Ҳарҷо, ки намеравам дилам волаи туст,
Дар боми дилам шукуфтани лолаи туст.
Қишлоқаки ман, пушти маро кас нагирифт,
Дар пушти сарам чанори садсолаи туст.

Сурхида замини Лолагӣ дар таби сурх,
Барги гули лолааш мисоли лаби сурх.
Аз сурхии лолазор шабнам сурх аст,
Гуфтӣ ту, шаби гузаштааш буд шаби сурх.

Сарманзили кӯдакии саҳроии ман,
Роҳи ту, раҳи бирешими лоии ман.
Дар кундаи ҳар дарахти ту пинҳон аст,
Як кӯзача кӯдакии тиллоии ман.

Ҳамхандаи ман гули сияҳгӯши ту буд.
Ҳамгиряи ман чашмаи хаспӯши ту буд.
Эй гумшуда қишлоқаки тиллоии ман,
Дорӯи ман оби шӯраки ҷӯши ту буд.

Қишлоқаки кӯудакӣ хасу хори ту бас,
Як лаҳза маро такя ба девори ту бас.
Дар маҳфили маҳтобии чирчираку ман,
Чакчакзадани барги сафедори ту бас,

Ҳарчанд, ки пеш-пеш рафтам умре,
Ҳатто қадаме пеш нарафтам умре.
Ҳарчанд қадам задам, фурӯ рафтам ман,
Зеро, ки ман аз хеш нарафтам умре.

Баҳори 1996

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед