ТАБИБ ВА БЕМОР

*************************
ТАБИБ
Ман дору додам хӯрдӣ,
Вақте ба хона бурдӣ?
БЕМОР
Чу дору додӣ бурдам,
Аз дорӯҳо бихӯрдам.
ТАБИБ
Хӯрдӣ аз рӯи реҷа?
Бигӯ чӣ шуд натиҷа?
*************************
БЕМОР
Дарди шикам шиддат кард,
Бисёр аҳволам бад кард.
Нифи шабу субҳудам,
Давидаму, давидам.
Шарбати маргро додар,
Қариб, ки мечашидам.
*************************
ТАБИБ
Ба шумо аҳсан –аҳсан,
Боз омадед пеши ман.
Ҳар кӣ аз ман дору бурд,
Дигар наомад, ӯ мурд.
*************************
БЕМОР
Натиҷааш аён шуд,
Дору балои ҷон шуд.
Ин қолаб- ин тани ман,
Аз доруҳо хазон шуд.

Муаллиф:

Шарҳи худро нависед